Дар ҷаласаи рӯзи 15 январи ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузорӣ дар қисмате аз сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон дар масофаи ҳудуди 520 километр маъқул шуморида шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири ин кишвар Аали Карашев, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад аст, изҳор доштааст, ки баррасии масъалаи аломатгузории сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон охири соли 1990 оғоз гардид.
«Лекин ҷонибҳо ба қарори ягона нарасиданд, солҳои 2000-ум корҳо дар ин самт идома ёфтанд, ин ҷараёни душвор аст, зеро омӯзиши маводи бойгонии чандин кишвар, ки дар харитаҳои топографӣ дарҷ шудаанд, зарур аст», - гуфтааст А.Карашев.
Ӯ таъкид доштааст, ки масъалаи аломатгузории сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон «ба туфайли гуфтушуниди сарони кишварҳои ҳарду кишвар дар моҳи майи соли 2013 ба пешравӣ муваффақ шуд».
«Аз 971 километри умумӣ Комиссияи аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон 519,9 километри хатти марзи давлатиро мувофиқа карда, моҳи ноябри соли гузашта дар Бишкек тасмим гирифта шуд, ки санадҳои аломатгузории 519,9 километри зикршуда ба имзо расанд», - қайд кардааст А.Карашев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста