Бо дастури ҳукумати ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» рӯзи 20 январ аз соати 10-00 то нимаи рӯз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро мунтазам бо нерӯи барқ таъмин мекунад, то ки аҳолии кишвар ба мустақиман тамошову гӯш додани паёми президент ба парлумон имкон дошта бошанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба шумор рафта, аз ин рӯи аҳолӣ метавонад онро мустақиман тамошо кунад.
Бино ба гуфти манбаъ, шоми рӯзи 20 январ тамоми шабакаҳои телевизиони кишвар аз соати 20-00 то 22-00 такроран ироаи паёми президент ба парлумонро намоиш дода, дар ин вақт ба минтақаҳо мутобиқи лимити муқарраршуда барқ дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки тамоми шабакаҳои марказии телевизиони давлатӣ ва радиои Тоҷикистон маросими ироаи паёми президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро мустақиман пахш хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста