Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор шурӯъ мекунад, ки масъалаи асосии мавриди баррасии он - ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ва таъини санаи раъйпурсии умумихалқӣ дар ин робита аст.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон» ва «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро низ баррасӣ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи парлумон ҳамчунин баррасии масъалаи пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумон Комил Саидзода ва қабули қарор оид ба хориҷ кардани ӯ аз ҳайати Кумитаи МНМО ҶТ оид ба иқтисод ва молия низ дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки Комил Саидзода санаи 1 март аз ҳавзаи якмандатии №16-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буд. Бо фармони президенти мамлакат аз 11 январи соли 2016 ӯ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд.
Комил Салимзода дуюмин вакили Маҷлиси намояндагони даъвати ҳозира хоҳад буд, ки пеш аз муҳлат ваколатҳояш қатъ карда мешавад. Соли гузашта дар робита ба раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шудани Низом Қосим, ваколатҳои ӯ дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат қатъ шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста