Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанзода, ки санаи 27 январ бо фармони президент Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, бояд ваколатҳои худ ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагонро супорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода низ баъди ба вазифа тасдиқ шуданаш бояд ваколати худ ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумонро супорад.
Хотиррасон шуд, ки М.Ватанзода аз ҳавзаи интихоботии якмандатии ноҳияи Фирдавсӣ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва Б.Худоёрзода аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шудаанд.
Санаи баргузории интихобот ба ҷойҳои М.Ватанзода ва Б.Худоёрзодаро КМИР дар муддати ду моҳ аз замони расман қатъ шудани ваколатҳои онҳо эълон мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста