Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ» баррасӣ мешаванд.
Котиби матбуотии палатаи поёни парлумони ҷумҳурӣ Муҳамммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва ба Кодекси Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ оид ба беҳбуди идоракунии мубориза бо малах низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Ҳамчунин лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ «Дар бораи интихоби Бахтиёр Худоёрзода ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон» низ муҳокима мешавад.
Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон масъалаи таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Кнессет (мақоми қонунгузор, парлумон)-и Давлати Исроил ва миёни МНМО ҶТ ва Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия баррасӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста