Имрӯз бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расиданд, як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон таъин карда шуд.
Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид.
Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ озод ва ба ҷойи ӯ Умарзода Саида Ғайрат муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин гардид.
Раҳмонзода Усмон Сабз аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҷумазода Шарифҷон, ки то ин вақт мудири Котиботи сарвазири мамлакат буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор таъин карда шуд.
Ҳокимзода Исматулло Ҳоким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод шуд ва ба ҷойи ӯ Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин раиси ноҳияи Шаҳринав таъин гардид.
Зимни суҳбат зимни бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ таъиншуда Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор бояд ҳамеша дар мадди аввал гузошта шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста