Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон тасдиқ шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод гардида буд.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки «дар ҳамаи мансабҳои таъиншуда Б.Худоёрзода бо виҷдони соф ва масъулият баланд ифои вазифа кардааст».
«Роҳбари КМИР яке аз мансабҳои пурнуфуз дар ҷомеа аст ва фаъолияти пурсамари он ба мушкилоти зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар бастагӣ дорад, аз ҷумла ба мавқеи созмонҳои байнулмилалӣ ва худи мардуми тоҷик», - гуфт Ш.Зуҳуров.
Пас аз таъини собиқ раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён ба мансаби раиси Суди олии ҷумҳурӣ, то ин замон ин курсӣ холӣ буд. Бахтиёр Худоёрзода замоне раиси ин ниҳод интихоб шуд, ки дар Тоҷикистон ба баргузор намудани раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия омодагӣ мегиранд.
Суди конститутсионии ҷумҳурӣ пагоҳ, 4 феврал тағйироту илова ба Конститусияи Тоҷикистонро , ки аз ҷониби як гурӯҳи вакилони ҳарду палатаи парлумон пешниҳод шудааст, баррасӣ мекунад ва хулосаҳои худро оид ба ин масъала ба парлумон ирсол медорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста