Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки боиси баҳсҳои зиёду нигаронии ҷомеаи журналистон шуд, имрӯз дар ҷаласаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ёдрас мекунем, ки чор созмони журналистии Тоҷикистон - Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» рӯзи 1 феврал изҳороте мунташир сохтанд , ки дар он аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» нигаронӣ изҳор шуд.
Дар изҳороти созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки тарҳи мазкур кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарқонуни ҶТ аст. Тартиби боздошти фаъолияти расонаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро риоя намекунанд, дар қонунгузории ҷорӣ равшану фаҳмо оварда шудааст ва ҳеҷ зарурате ба тағйирот надорад.
Зикр гардида буд, ки ин тағйирот маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон мебошад, зеро ба мақомоти баҳисобгирии ВАО ва прокуратура имкони манъ кардани фаъолияти дилхоҳ расонаҳоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ғайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО аст.
Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар таҳрири охирин 19 марти соли 2013 аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, вале дар он тартиби манъи фаъолияти ВАО муайян нашуда буд.
Коршиносон бахши матбуот бар ин назаранд, ки қабули ин тағйироту иловаҳо «дастдарозӣ»-и мақомоти прокуратура дар мавриди боздошти фаъолияти ВАО-ро ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста