Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и кишварро барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи марбут ба тасдиқи аъзои нави КМИР ҶТ раиси Шӯрои адлия Дӯстмурод Муродзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосими Ҷаҳонгир ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носир Салимӣ дар назар аст.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумрук ва қонун «Дар бораи фаъолияти гидрометереорологӣ» баррасӣ мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, аъзои Шӯро масъалаи тасдиқи Созишнома дар бораи маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Долон (коридор)-и нақлиётии Аврупо - Қафқоз - Осиё) миёни Тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба дар бораи нақлиёти байнулмилалӣ оид ба рушди долони Аврупо - Қафқоз - Осиёро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста