Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 феврал қарор дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро ба имзо расонид.
Дар қарори ҳукумат , ки дар сомонаи расмии сарвари давлат интишор шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ қабул шудааст.
Дар қарор Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии МД «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» вазифадор карда мешавад.
Тибқи қарори ҳукумат, бино ва иншооти МД «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов-3, ба тавозуни МД «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида мешавад.
Дар шарҳи ин қарори ҳукумат , ки дар сомонаи расмии сарвари давлат интишор шудааст, зикр мегардад, ки таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба хусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолияш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, бино ба маълумоти оморӣ, ҳар сол Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунанд. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.
Зимнан зикр мегардад, ки гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5% афзоиш ёфта, аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки ин хеле каму нокифоя аст.
«Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”-ро дар ин сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ таъсис диҳад», - омадааст дар шарҳи қарор.
Хотиррасон мешавад, ки заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ин муассиса ба қабули донишҷӯён шуруъ хоҳад кард.
Бо фармони худ аз 25 феврал, президенти мамлакат Қурбон Убайдулло Абдуллоро бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда, ӯро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъин кард. Ректори нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ таъин шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста