Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 1 март ба фаъолияти ду шабакаи нави телевизионӣ - «ТВ-Варзиш» ва «ТВ-Синамо» ҳусни оғоз мебахшад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарорҳои ҳукумати кишвар аз 24 ноябри соли гузашта Файзуллозода Хуршед Мирзо директори Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» ва Набизода Набӣ директори Муассисаи давлатии «ТВ-Синамо» таъин карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дафтарҳои кории шабакаҳои нави телевизионҳои давлатӣ дар бинои Академияи ВАО-и Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди пойтахт ҷойгиранд.