Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 3 март Олег Николаевич Ивановро сафири Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ва ҳамзамон дар Афғонистон таъин кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Беларус, зимни суҳбат бо сафири тозатаъин А.Лкашенко изҳор доштааст, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надошта, Беларус дар ин кишвар мавқеъи шоиста ва бо раҳбарияти ҷумҳурӣ муносибатҳои хуб дорад.
«Онҳо ҳам бо мо хуб муносибат мекунанд. Бинобар ин, аз ин лиҳоз мо бо кишварҳое, ки бо онҳо ҳамсоя мебошанд, ҳамкорӣ карда метавонем», - гуфтааст сарвари давлати Беларус ва илова намудаат, ки боз густариши бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон зарур аст.
Ба андешаи Александр Лукашенко, Афғонистон аз имконоти зиёд бархурдор буда, «дар ин кишвар мо метавонем пешниҳодҳои муфид ва судманд ба даст орем».
«Кишвари хеле бой аст, дар ҳоли рушд қарор дошта, сераҳолӣ ва аз нигоҳи стратегӣ минтақаи судманд буда, он канор гузошта намешавад. Аз ин рӯ, ба ин кишвар мебояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард, албатта бо фаромӯш насохтани Тоҷикистон низ», - қайд кардааст президенти Беларус.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста