Бо амри президенти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои муайян кардани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ озмун эълон карда шуд.
Бо амри сарвари давлат барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмун таҳти раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим комиссия таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва вазорату идораҳои дахлдор шомиланд.
Озмун дар чор давра дар ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо доир гардида, натиҷаҳои он 20 августи соли 2016 дар Душанбе ҷамъбаст мешаванд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки дар якҷоягӣ бо иттифоқҳои рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ, шаҳодатнома ва дипломҳо барои ғолибони озмунро омода намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста