Дар доираи сафари расмӣ ба Исломобод раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 15 март бо раиси Ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масоили марбут ба тавсеъаи робитаҳои парлумонии кишварҳо, табодули таҷриба дар самти фаъолият ва ҷараёни амалисозии қарордоду созишномаҳои қаблан баимзорасида миёни Душанбе ва Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамояд, зеро ин ибтикор ҷавобгӯи ниёзҳои кишварҳо дар самти тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини сулҳу субот мебошад.
Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҷониби Покистон даъват ба амал овард, ки ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ва ҳамчунин сохтмони хатти интиқоли барқи Тоҷикистон - Покистон тариқи долони Вахони Афғонистон бештар саҳмугузор бошад.
Ҳамчунин зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Сенати Покистон Ризо Раббонӣ ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетикаву савдо, коммуникатсия ва транзити молу хизматгузориҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста