Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷ ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии ҶТ ва муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.
Инчунин прокуророни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Конибодому Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.
Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Қубодиён ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстони вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози ВМКБ кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста