Дар доираи сафари расмӣ ба Исломобод раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ёвари нахуствазири Покистон оид ба сиёсати хориҷӣ Ториқ Фотимӣ дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки густариши муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
«Бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ҷониби Покистон аз дархости кишвари мо барои пайвастан ба Созишномаи чаҳорҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ байни Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистон ҷонибдорӣ намуд. Умед дорем, ки дар ин самт иқдомҳои мушаххас гирифта мешаванд», - иброз дошт Ш.Зуҳуров.
Барои мусоидат ба рушди тиҷорат ва ҳамлу нақл байни ду кишвар ва минтақа ҳар ду ҷониб ҳамкории худро бо Афғонистон ҷиҳати ҳарчи зудтар мувофиқа ва ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ тасдиқ намуданд. Ин Созишнома, пеш аз ҳама, барои эҳёи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон муҳим аст ва нақши транзитӣ ва ҷойгоҳи ин кишварро дар арсаи минтақа низ боло мебарад.
Дар навбати худ ёвари нахуствазири Покистон қайд кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бахши амнияти минтақавӣ низ дар баробари тақвияти дигар соҳаҳо дар ҳолати рӯ ба рушд буда, таъмини амният дар минтақа ба манфиати кишварҳои он, бахусус Тоҷикистону Покистон мебошад.
«Ҳукумати Покистон ҳамеша талош менамояд, ки қитъаи Осиё ба минтақаи амну субот мубаддал гардад, зеро оромии он таъминкунандаи зиндагии осоишта барои мардумони ҳамаи кишварҳо мебошад», - гуфт Ториқ Фотимӣ.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар доираи масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистони ҳамсоя, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир изҳори назар карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста