Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи шартнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон дар бораи истирдод баррасӣ мешавад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ - шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар қаламрави Тоҷикистон кор мекунанд, низ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин созишнома 4 майи соли 2006 ба имзо расида буд.
Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар ҷаласаи мазкур масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои кишвар «Дар бораи молияи давлатии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи тартиб ва шароитҳои дар ҳабс нигаҳдории гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон» низ баррасӣ мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста