Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири кишоварзии ҷумҳуриро муовини нахуствазири кишвар таъин кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз бо фармони президент Зокирзода Маҳмадтоир аз мансаби вазири кишоварзии ҶТ озод ва ба вазифаи муовини нахуствазири ҷумҳурӣ таъин шуд.
Бо фармонҳои дигари сарвари давлат Сатторӣ Иззатулло аз вазифаи президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ озод ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, Ятимзода Акбар Табар аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод карда шуд. Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой аз вазифааш озод ва ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд ва Шарифзода Шариф Файз аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озода гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид.
Бо Қарорҳои ҳукумати ҶТ - Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат озод ва ба вазифаи Директори АМИТ “Ховар” таъин карда шуд.
Инчунин бо амрҳои президент Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи президент озод ва ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ таъин гардид ва Файзуллозода Қурбоналӣ - директори КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» таъин карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста