Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз мавқуф гузоштани баррасии бастаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешниҳод намуд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқзода қайд кард, ки дар тағйирот афзоиши ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканӣ дар бахшҳои андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ пешбинӣ шудааст.
«Доимо афзудани ҳаҷми ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани андоз ё қочоқи молу маҳсулот роҳи ҳалли мушкилот нест ва чунин тадбирҳо метавонанд ба муҳити соҳибкорӣ дар кишвар таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ пешниҳод дорам, ки баррасии ин масъала ба таъхир гузошта шавад, - гуфт Ш.Зуҳуров. - Минбаъд онҳо дар ҳузури роҳбарони мақомоти надоз ва гумрук баррасӣ мешаванд ва бигзор онҳо пешниҳодҳои худро асоснок кунанд».
Ӯ аз он ошуфтагӣ изҳор намуд, ки барои қочоқи молу маҳсулот на гумрукчиён, ки «ба қочоқбарон дарҳоро боз мекунанд», балки соҳибкорон бори масъулият мекашанд.
Вакилон пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳуриро дастгирӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста