Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 март бо иштироки фаъолон ҷаласа доир гардида, дар он и.в. раиси нави шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз муаррифӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки санаи 30 март бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод гардида, ба ҷои ӯ Шарифзода Шариф Файз и.в раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳр бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа баргузор гардида, зимни муаррифӣ А.Қодирӣ барои фаъолияти пурсамар ба собиқ шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуд ва ба Шарифзода Шариф Файз дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Гуфта мешавад, дар суҳбат бо фаъолон ва роҳбарияти шаҳр раиси вилоят барои вусъати корҳои бунёдкорӣ, омодагиҳо ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи андоз, беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ ва дигар масоили мубрам дастуру супоришҳо дод.
Шарифзода Шариф Файз зодаи шаҳри Хуҷанд буда, 29 апрели соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1977 ба Институти политехникии Тоҷикистон, факултаи сохтмони саноатӣ ва гражданӣ дохил шуда, соли 1982 онро бо ихтисоси муҳандис- сохтмончӣ хатм намудааст. Мавсуф дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ҷонишини раиси шаҳри Хуҷанд (солҳои 1997-1999), раиси шаҳри Роғун (аз соли 2012 то 2016) фаъолият кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста