Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Билол Иброҳим - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло - Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Инчунин Каримзода Азизмад аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси ҳамин кумита таъин гардид, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд, Исмоилова Мунавара Сайдуллоевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, Неъматзода Фаррух Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат ба ин вазифа таъин гардид.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста