Вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум имрӯз тағйирот ба қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро қабул карданд.
Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Ба гуфтаи раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ҷашни мазкур аз 15 ноябри соли 1994 сарчашма мегирад.
«Санаи 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шуда, ҳамон рӯз маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ доир гардид ва президенти интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябри ҳамон сол савганди салоқат ба Ватан ёд кард», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, аз ин рӯ, ба хотири эҳтиом гузоштан ба ин рӯзи таърихӣ минбаъд дар Тоҷикистон ин сана ҳамчун Рӯзи президенти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки чунин ҷашн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. «Санаи 16 ноябрро дар Тоҷикистон эълон кардани ҷашни Рӯзи президент тасдиқи далели таърихист», - афзуд Шукурҷон Зуҳуров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста