Рӯзи 22 апрел сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумӣ барои 640 нафар толибилмон ширкат меварзад. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст.
Дар ноҳияи Ёвон президент ҳамчунин дар маросими ба фаъолият шурӯъ намудани кӯдакистони нав ва корхонаи истеҳсоли гипсокартон, ки аз ҷониби ширкати Тоҷикистону Чин бунёд ёфтааст, низ ҳузур хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ, баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон, рӯзи 22 апрели соли равон аз соати 07:30 то 08:30-дақиқа ва аз соати 14:30 то 15:30-дақиқа дар кӯчаҳои Шероз, Шевченко, Қаҳҳоров хиёбони Саъдии Шерозӣ то Неъмат Қарабоеви пойтахт, роҳи автомобилгарди Душанбе-Ёвон то деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Гуфта мешавад, ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз хиёбонҳои Рудакӣ, Сомонӣ, Сино, кӯчаҳои Карамов, Неъмат Қарабоев, Мастонгулов ва Ҷаббор Расулов истифода баранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста