Рӯзи 20 апрел дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар семоҳаи аввали соли равон машварати корӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар машварат доир ба вазъи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз ҷумла иқтисоду молия, андоз, кишоварзӣ, нақлиёт ва комуникатсия, инчунин соҳаҳои иҷтимоӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳисобот доданд.
Тавре таъкид шуд, новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 9,3 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши воқеии он нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта баробар ба 6,5 фоиз мебошад. Дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мутаносибан дар ҳаҷми 2,9 млрд. сомонӣ ва 1,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2015 нисбатан афзун мебошанд. Нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар се моҳ 94,4 фоизро ташкил медиҳад.
Сарвазири мамлакат вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои пурраи буҷети давлатӣ, нақшаҳои пардохти гумрукӣ ва андоз, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда, дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан дар деҳоти дурдасти мамлакат ва омодагии ҳаматарафа ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъули соҳаҳоро вазифадор намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста