Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 29 апрел бо сафари якрӯзаи корӣ аз вилояти Хатлон боздид мекунад.
Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа Ш.Зуҳуров бо фаъолони вилоят мулоқот карда, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи кишвар ва зарурати қабули онҳоро дар шароити муосири рушди ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ ва аҳолиро ба иштироки фаъолона дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ ба ин муносибат даъват мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки зимни мулоқот раиси палатаи поёнии парлумон ба фаъолони вилоят аз фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ низ маълумот хоҳад дод.
Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи оянда чунин вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста