Палатаи поёнӣ ва болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукуматро, ки аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод шуда буд, бидуни баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Аз ҷумла фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаи  вазири кишоварзӣ озод шудани Зокирзода Махмадтоир ва таъини ӯ ба вазифаи муовини сарвазир, дар бораи ба вазифаи вазири кишоварзӣ таъин шудани Сатторӣ Иззатулло, аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия озод шудани Ятимзода Акбар Табар ва таъини Раҷаббой Аҳмадзода ба ин мансабро тасдиқ намуданд.

Дар ҷаласаи муштараки парлумон ҳамчунин фаромни президент аз 27 январ дар бораи аз вазифаи муовини сарвазир озод кардани Марҳабо Ҷабборӣ «бинобар сабаби ба нафақа баромадан» низ дастгирӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки курсии муовини сарвазири Тоҷикистон оид ба масоили маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон ва бахши иҷтимоӣ то имрӯз холӣ аст.