Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодексии ҷиноиро, ки дар онҳо масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ сангинтар мешавад, маъқул шуморид.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки «амалиёти ғайриқонунӣ бо доллари «дӯстдошта» минбаъд метавонанд ғамангез анҷом ёбанд».

Ӯ васоити ахбори умуми кишварро низ мавриди интиқод қарор дода, зикр кард, ки онҳо тадбирҳои бесобиқаи ҳукумати кишвар дар самти устувор нигоҳ доштани арзи миллиро аксаран дастгирӣ накарданд.

«Он замон қариб ҳама журналистон мухолифи баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор изҳори назар карда, ташвиш доштанд, ки соҳибони ин нуқтаҳо дигар чӣ гуна зиндагии худро мегузаронанд, вале ҳеҷ кас андешаи онро накард, ки ҳаннотиҳо дар бозори асъор барои миллионҳо шаҳрвандони кишвар мушкилот эҷод мекунанд», - гуфт ӯ.

Ба андешаи муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, тағйироту иловаҳо ба ҳимоя аз манфиатҳои аксари кулли аҳолии ҷумҳурӣ ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд.

«Нархгузорӣ ба беш аз 67%-и молу маҳсулоти воридотӣ ба кишвари мо ба қурби пули миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА вобаста аст, - қайд кард Нуралиев. - Дар шароити бесарусомонии ахири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ дар бозори мубодилаи асъори Тоҷикистон дар баробари буҳрон, моликони нуқтаҳои мубодилаи асъор низ гунаҳкор буданд, ки бидуни риояи қоидаҳои муқарраршуда то 24 млн. доддалри ИМА-ро ба гардиш дароварданд. Тағйироти қабулшуда болоравии ҳаҷми ҷаримаҳо ва ҳамчунин тамдиди муҳлати ҷавобгарии ҷиноӣ ва мусодираи амволро барои муомилоти ғайриқонунӣ пешбинӣ мекунанд».

Масалан, мутобиқи тағйирот ба моддаи 286 КҶ ҶТ, барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, ки дар шахси қаблан барои ин кор дастдошта қайд шуда буду ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешуд, ҷарима ба маблағи аз 4 ҳазор то 7 ҳазору 320 сомонӣ ё ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ то 2 сол пешбинӣ гардида буд. Акнун ҷарима дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ то 14 ҳазору 600 сомонӣ ва маҳрумият аз озодӣ то муҳлати 2 сол муқаррар шуд.

Минбаъд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 20 ҳазор сомонӣ маблағи ҷарима аз 29 ҳазору 200 сомонӣ то 43 ҳазору 800 сомонӣ (қаблан -  аз 21 ҳазору 800 сомонӣ то 36 ҳазору 480 сомонӣ) ва муҳлати ҷазои маҳрумият аз озодӣ аз 4 то 6 сол (қаблан - аз 3 то 5 сол)-ро ташкил медиҳад.

Мутобиқи тағйироти қабулшуда, агар чунин қонуншиканиҳо аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва дар ҳаҷми зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ такроран содир шаванд, ҳаҷми ҷарима аз 51 ҳазору 80 сомонӣ то 65 ҳазору 680 сомонӣ (қаблан - аз 36,5 ҳазор то 58 ҳазору 400 сомонӣ) ё муҳлати ҷазои зиндон аз 7 то 9 сол (аз 5 то 8 сол) муқаррар шудааст.