Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин мулоқот ва масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар дар соҳаи парлумониро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербург, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба густариши муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сиёсату иқтисод, тиҷорату башардӯстона ва сармоягузорӣ, муҳоҷират ва вазъияти муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои Русия баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ ба ҳодисаи чанд рӯзи пеш дар қабристони Хованскои шаҳри Маскав, ки сабабгори ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани чанд нафари дигар гардид, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Шукурҷон Зуҳуров аз Сергей Наришкин тақозо кард, ки барои ҳалли мунсифонаи ин қазия мусоидат намуда, ба ҷинояткорону шахсони пушти ин ҳодиса қарордошта мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад. «Фаъолиятҳои муғризонаи баъзе гурӯҳҳо наметавонад, рӯи сатрҳои муносиботи хуби Тоҷикистону Русия хатти сурх кашад», - таъкд дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Сергей Наришкин аз ҳодисаи қабристони Хованскои шаҳри Маскав ва ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон изҳори таассуф намуда, аз Шукурҷон Зуҳуров дархост намуд, ки ҳамдардии ӯ ва намояндагони парлумони кишварашро ба хонаводаҳои марҳумон расонад. «Ба қазияи мазкур ҳатман дар доираи қонунҳои амалкунандаи Русия расидагӣ хоҳад шуд ва гунаҳкорони ин ҳодиса ҷазои муносиб хоҳанд гирифт», - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, дар Санкт -Петербург Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин бо Раиси парлумони Қиргизистон Чинибой Турсунбеков бо хоҳиши ӯ дидору гуфтушунид кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста