Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Абдулло Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх  имрӯз, 24 май ба Душанбе ташриф оварда, сафари расмии нахустини ӯ ба Тоҷикистон то 26 май идома меёбад.

Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар доираи ин сафар раиси парлумони Арабистони Саудӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунид мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби сафар ба Тоҷикистон  Абдулло Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх  аз шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб низ боздид мекунад.