Дар машварати навбатии рӯзи 24 май раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода аз занони ҷумҳурӣ даъват кард, ки аз пӯшидани сарулибоси барои тоҷикон бегона худдорӣ варзида, сарулибоси занонаи миллиро тарғиб намоянд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи мазкур, дар машварат намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовинони раиси шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони корхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Раиси Кумита ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои фурӯши маводҳои тарғибкунанда ба фарҳанги бегона таъкидҳо намуда, аз ҳозирини машварат даъват ба амал овард, ки ба либоспӯшии кормандон ҳангоми ҳозиршавӣ ба ҷои кор, алалхусус ба пешгирии пӯшидани сару либоси бегона аз ҷониби занону духтарон назоратро пурзӯр намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста