Дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 май бо иштироки раиси Кумита Идигул Қосимзода, муовинони ректорони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт оид ба тарбия, раисони Шӯрои занон ва зиёда аз 70 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дар доираи Барномаи далатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ҷиҳати “Андешидани чораҳо барои соҳиби ихтисосҳои камёфт гардидани занону духтарон” мизи мудаввар баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар мизи мудаввар қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳим аз байн бурдани ақидаҳо оид ба касбҳои занона ва мардона мебошад.
Хусусияти иҷтимоишавии фард то ба имрӯз таъсири худро ба интихоби касби духтарон расонида истодааст. Ин аст, ки имрӯз шумораи занон дар соҳаи иҷтимоӣ аз 50% боло рафта, дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла муҳандисӣ, металлургӣ, информатика, дипломатия ва менеҷмент ҳоло ҳам кам аст, зеро дар аксар мавридҳо ба ин касбҳо ҳамчун касбҳои “мардона” баҳогузорӣ карда мешаванд.
Бо дар назардошти хусусияти мазкур ва тибқи нақшаи амали барнома бо мақсади ҳавасмандгардонии духтарони дар ихтисосҳои мазкур фаъолияткунанда ҷудо намудани идрорпулиҳо ба назар гирифта шудаанд, ки ҳамасола духтарони дар ин ихтисосҳо таҳсилкунанда баҳравар мешаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти ҷалби духтарон аз рӯи ихтисосҳои номбаршуда саҳми Донишгоҳи ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ назаррас мебошанд.
Ҳадаф аз ташкили ин мизи мазкур ҷалби бештари духтарон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои муҳандисӣ, металлургӣ, ҳисобу информатика, энергетика, геологӣ, менеҷмент ва муносибатҳои байналмиллалӣ мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста