Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро якдилона тасдиқ намуд, ки мутобиқи он Вазорати адлия ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба гузоштани апостил барои қонунигардонии ҳуҷчатҳои расмии дар Тоҷикистон додашуда дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд.
Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири адлияи кишвар Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки нархи гузоштани апостил барои шахсони воқеъӣ 5 доллари ИМА ва 25 сомонӣ барои гузоштан дар муҳлати аз 5 то 8 рӯзи корӣ ва таъҷилӣ гузоштани он дар муҳлати 3 рӯзи корӣ 10 доллари ИМА ва 25 сомонӣ муқаррар шудааст.
Барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳо шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон 10 доллари ИМА ва 50 сомонӣ ва барои таъҷилӣ гузоштани он 20 доллари ИМА ва 50 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 2015 ҳамаи расмиёти ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия оид ба бекор намудани талаботи тасдиқи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ (Конвенсия дар бораи Апостил)-ро анҷом дода, 20 феврали соли гузашта дар шаҳри Гааага намояндаи Тоҷикистон ба Котиби генералии Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ Кристоф Бернаскони асноди заруриро супурд.
Конвенсия оид ба бекор намудани талаботи тасдиқи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2015 мавриди амал қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади содатар кардани раванди эътирофи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ соли 1961 дар Гаага Конвенсияе, ки талаботи легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро бекор менамояд, ба имзо расид. Конвенсияи Гаага тартиби наверо ҷорӣ кард, ки мувофиқи он барои тафтиши аслии ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлате, ки ҳуҷҷатро ирсол намудааст, «Апостил» гузошта мешавад. «Апостил» муҳри махсусе мебошад, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гузошта мешавад ва аз тасдиқ кардан дар мамлакатҳои узви Конвенсияи Гаага оид ба Апостил озод аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста