Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ барҳам дода шуд.
Бинo ба иттилои хадамоти матбуоти сарваи давлат, фармони мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд, равона гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фармони сарвари давлат ба имзо расидааст.
Тибқи фармонҳои мазкур масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардида, тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили иҳтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста