Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 21 июн бо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озорбойҷон Салим Муслимов мулоқот кард.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар вохурӣ масоили марбут ба сатҳи ҳамкории Тоҷикистон ва Озорбойҷон дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, дар сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақш ва мақоми арзанда дошта дар ҳамин замина барои беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола тадбирҳои муасир андешида мешаванд.
Ҷонибҳо доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, табодули таҷрибаи байни ҳамдигарӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа гуфтугуи судманд анҷом доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста