Бегоҳии рӯзи 27 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матюуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 19-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.
Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки “Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.”
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.
Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.”
Сарвари давлат ҳамчунин аз иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат бахшидани бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “Танҳо дар се соли охир барои рушди вилоят беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Солҳои наздик дар вилоят татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии садҳо миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳад шуд.”
Тантанаҳои бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрикунондашудаи саршор аз саҳнаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ аҳли зиё, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин меҳмонон аз 17 давлати дунё иштирок намуданд.
Барномаи театрикунондашудаи аҳли ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин дониста шуд, ба кулли иштирокдорон писанд омад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста