Дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум вакилони мардумӣ бекор кардани Созишномаи ҳанӯз соли 2002 баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандиро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин аз эътибор соқит донистани Созишномаи соли 2004 баимзорасида миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии Қирғизистон низ тасдиқ шуд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмадшарифи Ҳақдод қайд кард, ки ташаббуси бекор донистани ин созишномаҳо аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
М.Ҳақдод изҳор намуд, ки ҳадаф ва вазифаҳои созишномаҳои зикршуда амалӣ шуда, минбаъд масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ ё хориҷ шудан аз шаҳрвандӣ мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» танзим мешавад, ки соли 2015 қабул шудааст.
Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, миёни Душанбе ва Бишкек дар бораи шаҳрвандии дуҷониба (душаҳрвандӣ) қарордоде вуҷуд надорад. «Амали созишномаҳои мазкур минбаъд дар ҳаллу фасли масоили марзӣ бо Қирғизистон мушкилӣ эҷод карда метавонистанд», - иброз дошт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста