Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, имомхатибони масҷидҳо ва соҳибкорону тоҷирони кишвар дастур додааст, ки дар робита ба анҷоми моҳи шарифи Рамазон бояд ба шаҳрвандони камбизоат, ятимон ва пиронсолони ниёзманд садақаи фитр пардохт карда шавад.
Назорати иҷрои дастури мазкур ба дӯши Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли назди ҳукумати ҶТ вогузор гардида, мансабдорону имомхатибон ва намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ уҳдадор шудаанд, ки аз рафти иҷрои дастури мазкур ба Дастгоҳи иҷроияи президент маълумот диҳанд.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 6 июл ҷашн гирифта мешавад.
Садақаи фитр ё худ фитри рӯза навъи вижаи хайре дар дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки мусулмононро лозим аст, онро бо поён ёфтани моҳи шарифи Рамазон анҷом диҳанд. Ҳар сардори хонаводаи мусулмон бояд аз номи худ ва сари ҳар фарди оилаи ноболиғаш миқдори муайяни молро ба унвони “Садақаи фитр” пеш аз рафтан ба намози ид ба мардуми ниёзманд садақа кунад. Бар асоси фиқҳи исломӣ, фитри рӯза ба ҳар фарди мусалмон, озод ва соҳиби нисоби закот фарз мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 17 ҳазору 400 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 435 сомонӣ хайр кунанд.
Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол барои 1 моҳ ба 1 нафар 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (касоне, ки имкони рӯзагирӣ надоранд), 600 сомонӣ мукаррар шудааст, яъне ин афрод ҳар рӯзи моҳи рамазон бояд 20 сомонӣ хайрия диҳанд.
Тибқи қонунҳои шариат, бо воситаҳое, ки дар шакли закоту фитр ба даст оварда шудааст, пулу масҷиду мадрасаҳо сохта намешаванд. Ҳамаи ин воситаву маблағҳо танҳо ба афроди мушаххаси воқеӣ пардохт карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста