Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 30 июн Ҷумазода Шарифҷон раиси Ҳисор таъин карда шуд. То ин таъинот номбурда ба ҳайси раиси ноҳияи Ҳисор фаъолият намуда, дар робита ба Ҳисор додани мақоми шаҳр, ӯ раиси шаҳр таъин гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, Шарипов Фаррух аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркия озод карда шуда, Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо ба ин вазифа таъин шуд. Собиров Маҳмудҷон бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шуд.
Бо қарорҳои ҳукумат, Рафиев Абдулваҳоб бо хоҳиши худаш аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» озод карда шуда, Абдулваҳобзода Рустам Назрулло ба ин вазифа таъин гардид.
Мамадҷонов Юнус аз вазифаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон озод карда шуда, Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон ба ин вазифа таъин гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста