Дар маҷлиси кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 -уми июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари баррасии масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар, инчунин оид ба аҳамияти арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳо, амалҳои башардӯстона ва ёрӣ расонидан ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда изҳори назар намуда, аз ҷумла дастур дод, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арафаи иди Рамазон чорабиниҳои хайриявиро дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ амалӣ намоянд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунон президент аз мардуми мамлакат даъват намуд, ки фитри рӯзаро тибқи фармудаҳои шариат танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда расонанд ва аз ҷониби ин табақаҳо додани фитри рӯзаро ҷоиз надонист.
Дар баробари ин ёдрас кард, ки супоридани фитри рӯза ба ходимони дин ва шахсони доро манъ аст.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори омма муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии мамлакат тарғиб намоянд.
Доир ба ин масъалаҳо имрӯз инчунин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки дар он мақомоти дахлдор вазифадор карда шуд, ки дар доираи суннатҳои миллӣ амал намуда, риояи талаботи дар боло зикршударо дар кишвар таъмин намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста