Бо фармонҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумат имрӯз дар чанде аз сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Латифов Умед Баротович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Соҳибов Шавкат Қузиевичро иваз намуд.
Тибқи Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло аз вазифаи муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини якуми Директори ҳамин Агентӣ таъин карда шуд. Ҳасанзода Ҳомид Усмон бошад, ба вазифаи муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Тағйироти кадрӣ инчунин дар як қатор муассисаҳои олии таълимии кишвар ба амал омада, тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Нуралӣ Набот аз вазифаи Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин гардид. Шоҳиён Нуралӣ Набот дар ин вазифа Каримзода Маҳмадқул Боборо иваз намуд. Амонзода Илҳом Темур бошад, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Олимӣ Рауф Латифзода ба вазифаи Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Додоҷонзода Акрам Аҳмадҷон - Директори Филиали Донкишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Каримзода Маҳмадқул Бобо - Директори Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе (МИСиС) таъин карда шуданд.




Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста