Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии минбаъд пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарғиботи густарда алайҳи ин зуҳуротро ба роҳ мемонад.
Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ амал мекунанд, ки бо ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
«Асосан ҷавонони муваққатан бекор ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро меафтанд, аз ин рӯ, ба ин гурӯҳи ҷавонон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад», - иброз дошт роҳбари МТС.
Ба гуфтаи ӯ, барои миёни ҷавонони тоҷик ҷой надоштани рӯҳияи тундгароӣ, мутахассисони марказ омӯзиши фанни «Таърихи ислом» дар мактабу донишгоҳҳоро тавсия доданд.
«Ин хеле хуб аст, чунки наврасону ҷавонон аллакай дар мактаби миёна ва сипас дар мактаби олӣ бо таърихи ислом, бахусус равияи ҳанафии он, ки ҷараёни таҳаммулпазир аст, аз наздик шинос мешаванд ва агар ҷавон ҳарчи бештар аз ин равия огаҳӣ дошта бошад, ҳамон қадр ҷалби ӯ душвортар мегардад», - чунин мешуморад ӯ.
Ӯ бо таассуфи зиёд қайд кард, ки ҷавонони Тоҷикистон дар бораи ислом тасаввуроти дуруст надоранд ва чун онҳо бисёр чизҳоро хуб дарк намекунанд, мубаллиғони равияҳои тундгаро онҳоро ба осонӣ ба суи худ моил мекунанд.
Х.Холиқназар таъкид дошт, ки айни замон аз ҷониби Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мутахассисони МТС Стратегияи миллии пешгирии зӯроварӣ, тундгароӣ ва ифротгароӣ мавриди таҳия қарор дорад, ки ояндаи наздик ба ҳукумат пешниҳод мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин Стратегия тадбирҳое пешбинӣ шудааст, ки ба пешгирии падидаҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ дар марҳилаи нахусти зуҳури он мусоидат мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста