Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафҳои Шашум дар рушди устувор (ҲРУ) ва вазифаҳои ҳадафии «Ноил шудан ба дастрасии умумии об ва санитария» баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , ин ҳамоиш 11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (UN-DESA) баргузор мешавад.
Дар давоми ин рӯзҳо ҳамоиш дар «Кохи Сомон»- қароргоҳи ҳукуматӣ намояндагони ҳукуматҳо ва тасмимгирандагон дар соҳаи идоракунии захираҳои об, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони илмӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ меоварад.
ар ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷараёни омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистода Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимурод Maҳмадализода гузориш доданд. Таъкид гардид, ки ба 193 кишвар ва 190 ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони инфиродӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. То дирўз зиёда аз 110 нафар мансабдорони шинохта, мутахассисон ва коршиносони соҳа аз 54 кишвари ҷаҳон иштироки худро дар ҳамоиш тасдиқ карданд.
Ҳамоиш майдончае барои муҳокимаи роҳҳои амалӣ гардонидани ҲРУ 6 ва вазифаҳои ҳадафӣ, аз ҷумла дар доираи Даҳсолаи байналмилалии навбатӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» хоҳад шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон роҳандозӣ гардид,.
Ёдрас мешавад, ки Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли гузашта дар Форуми VII ҷаҳонии об дар шаҳри Тэгуи Куриёи Ҷанубӣ ширкат варзид ва пешниҳод намуд, ки даҳсолаи оянда Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор» эълон шавад. Ӯ зикр намуд, ки аллакай дар соли 2030 50% аҳолии сайёра бо мушкилоти норасоии об, ки он то соли 2050 метавонад боз ҳам бештар шиддат ёбад, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, даҳсолаи охир, ки таҳти шиори «Об барои ҳаёт» сипарӣ шуд, таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, басомади офатҳои табиӣ, барои ба даст овардани ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар пешистода иҷозат намедиҳанд. Дар робита ба ин, Роҳбари давлати мо изҳори боварӣ намуд, ки идомаи ин иқдом ба расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста