Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ иштирок кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия иштирок кард.
Хати нави оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардида барои беҳтар намудани ҳолати таъмини оби нӯшокии марказ ва зиёда аз 20 деҳаи ноҳия пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 16 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар маркази ноҳияи Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маблағи умумии бунёди бинои Шуъбаи маориф, ки аз 3 ошёна иборат аст, дар маҷмуъ 2 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби буҷаи ноҳия 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.
Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сарвари давлат ҳамчунин бинои нави Нозироти андози ноҳияро расман ифтитоҳ намуд. Бинои нав аз ду ошёна ва 8 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст, таҳхона, ошхона ва идораи бойгонӣ иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст. Бинои нозирот бо муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошад.
Дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия шинос шуд. Сарвари давлат зимни боздид аз ин хоҷагӣ иброз дошт, ки заминҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳосилхезанд ва ҳар як ваҷаби он бояд самаранок истифода шавад. Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Дилшоди Шариф" шинос гардид.
Пас аз шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар ҳамин ҷо ҳамзамон намоиши дастовардҳои деҳқонони ноҳия баргузор гардида, Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳи дастранҷи меҳнаткашон ба онҳо барору комёбӣ ва дар кори пуршарафи ризқофарӣ комёбиҳо орзу намуд.
Дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуд. Барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар мактаби нав 23 синфхонаи барҳаво, лабаратория, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, толори маҷлис бо 260 ҷойи нишаст, толори варзиш ва ошхона бо 200 ҷой муҳайё гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста