Имрӯз дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачарияро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунуни ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони Милали Муттаҳидро барои мусоидат ва ҳамдигарфаҳмию густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор арзишманд арзёбӣ карда аз сатҳи ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои махсусгардонидашуда, дафтарҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қанатмандӣ намуд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои 2010-2015 дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои муфиди Тоҷикистон бо ниҳодҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ тақрибан 100 лоиҳа амалӣ гардидааст.
Дар мулоқот ҳамчуни масоили вобаста ба Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" ва аҳамияту муҳимияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардумони сайёра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо изҳори таассуф қайд карда шуд, ки буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тӯли солҳои охир ба саъю талошҳои кишварҳо дар таъмини маблағгузории соҳаи об халал ворид намуда садди роҳи пешрафту тараққиёт гардидааст. Дар иртибот ба ин, таъсис додани бунёдҳои гуногуни миллӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ, инчунин роҳандозии дигар ташаббусҳои наву созанда доир ба маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад дар ҳалли ин масъалаҳо иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста