Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров нахустин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баъди таътили тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» дар таҳрири нав, «Дар бораи ҳимояи рақобат», тағйирот ба қонунҳо «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар бораи аҳамият ва муҳтавои масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон воридшуда андешаҳои худро изҳор дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои ҳуқуқии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста