Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принтсипи инсондӯстии қонунгузории кишвар ва ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 59 Конститутсияи ҶТ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» -ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки афви 15-ум ба шумор меравад.
Вакили палатаи поёнии парлумон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, ки замоне дар мансабҳои муовини аввали прокурори генералӣ, муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст, муътақид аст, ки ҳамаи афвҳои дар Тоҷикистон амалишуда пеш аз ҳама, аз инсондӯстии президент Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
«Пешвои миллат ба шахсоне, ки барои шаҳрвандони дигар ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа хатар эҷод намекунанду аз рӯи беҳтиётӣ ба ҷиноят даст задаанд, бори дигар барои интихоби роҳи дуруст имкон медиҳад», - чунин мешуморад вакил.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки мувофиқи талаботи лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи афв», қарор дар бораи мавриди афв қарор гирифтани ҳар кадоме аз маҳкумшудагон ва судшавандагонро мақомоти дахлдор алоҳида баррасӣ мекунанд. «Ҳар як парванда дар бораи афв ҷудогона баррасӣ мешавад», - изҳор дошт намояндаи Прокуратураи генералӣ.
Ӯ ҳамчунин ба журналистон ва ба истилоҳ коршиносон тавсия дод, ки аз фолбинӣ дар масъалаи «кӣ ба озодӣ мебарояду дигарон боз дар маҳбас боқӣ мемонанд» худдорӣ кунанд.
Қобили зикр аст, ки афви охирин дар Тоҷикистон соли 2014 ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсия эълон шуда буд, ки 10 ҳазор нафарро фаро гирифта буд. Соли 2011 ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ қонуни афви 13-ум мавриди амал қарор гирифта буд, ки ба ҳудуди 15 ҳазор нафар дахл дошт. Қонуни афви пешин ва кунунӣ низ нисбати шахсоне, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин, аз қабили хиёнат ба ватан, ҷосусӣ, терроризм, куштори бераҳмона ва ғайра даст задааанд, мавриди амал қарор намегирад.
Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 17 муассисаҳои ислоҳӣ амал карда, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар адои ҷазо мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста