Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принтсипи инсондӯстии қонунгузории кишвар ва ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» -ро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардид, ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар қонун авфи шахсоне, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир намудаанд, пешбинӣ карда мешавад. Қонун нисбати 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.
Парвандаҳои ҷиноӣ нисбати шахсоне, ки мавриди афв қарор гирифтаву дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ғоибона қатъ мешавад. Ин тадбир барои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ пеш гирифта мешавад.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои наздик матни пурраи Қонун дар матбуот чоп мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста