Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар қисмати марказии Италия, ки ба харобиҳову талафоти ҷонии зиёд боис гардид, ба сарвазири Ҷумҳурии Италия Маттео Ренси барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар қисмати марказии Италия, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор оварданд, бо андўҳи бузург дарёфтам».
«Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Италия сангин ҳамдардии амиқи инҷониб ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», - изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 24 август дар қисмати марказии Италия заминларза рух дода, бар асари он 247 нафар ҳалок ва ҳудуди 1 ҳазор нафар сокинон бесарпаноҳ монданд. Аксари роҳу биноҳо дар ин минтақа тахриб шуда, ҷустуҷӯи ҷасади одамон аз зери вайронаҳо то ҳол идома дорад.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста