Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд, ки мутобиқи он санаи 10 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълон шуда метавонад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо фармони президент санаи 10 январи соли 2007 таъсис дода шудааст. Айни замон роҳбарӣ ба ин ниҳоди давлатиро писари президент Рустами Эмомалӣ бар дӯш дорад.
Дар назар аст, ки Рӯзи кормандони Агентии зиддифасод ҳамасола бидуни рӯзи истироҳат ҷашн гирифта шавад.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон ду рӯзи идҳои нав ҷорӣ шуданд. Дар ҷаласаи моҳи апрел палатаи поёнии парлумони кишвар санаи 16 ноябрро ҷашни Рӯзи Президент тасдиқ намуд, ки ҳамасола бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. Санаи 16 ноябри соли 1994 маросими нахусти савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.
Моҳи июн дар Тоҷикистон боз як иди нав ҷорӣ шуд, ки он ҳам ба президент марбут аст. Ҳамасола санаи 29 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи дипломати тоҷик» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин сана бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард.



