Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки раисаш прузиденти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳо баргузор мекунад. Шурӯъ аз ҳамин сол ин рӯзи иди нав минбаъд санаи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад.
Сухангӯи ҲХДТ Усммон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мизҳои гирду семинарҳо доир гардида, «дар онҳо хизматҳои шоистаи Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон зикр мешавад».
Мутобиқи барномаи ҳукумат, дар ҷашни Рӯзи президент дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат, театрҳои шаҳру навоҳӣ ва дар толори сирки давлатӣ намоишномаҳои бепул ташкил карда мешаванд.
Санаи 16 ноябр дар Китобхонаи миллӣ ва тамоми китобхонаву осорхонаҳои ҷумҳурӣ маросими намоишҳои китобҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин намоиши рассомону аксбардорони кишвар бахшида ба Пешвои миллат баргузор шуда, ҳамаи китобхонаву осорхонаҳои кишвар бо реҷаи «дарҳои боз» кор мекунанд.
Дар тамоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ низ маросимҳои намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, машғулиятҳо доир ба муҳтавои онҳо ва дар муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» озмуни расмҳо гузаронида мешавад.
Дар қисмҳои низомии кишвар таҳти унвони «Садоқат ба президент - садоқат ба Ватан» вохӯриҳои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.
Толибилмони мактабҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон аз мактаби таҳсилоти умумии №7-и ноҳияи Данғара ва Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Сарбанд боздид мекунанд, ки замоне дар онҳо Пешвои миллат таҳсил кардааст.
Санаи 16 ноябр дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо навиштаҷоти «Президенти мо - Пешвои мо» аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон гузошта мешаванд.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон ду рӯзи идҳои нав ҷорӣ шуданд. Дар ҷаласаи моҳи апрел палатаи поёнии парлумони кишвар санаи 16 ноябрро ҷашни Рӯзи Президент тасдиқ намуд, ки ҳамасола бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. Санаи 16 ноябри соли 1994 маросими нахусти савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.
Моҳи июн дар Тоҷикистон боз як иди нав ҷорӣ шуд, ки он ҳам ба президент марбут аст. Ҳамасола санаи 29 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи дипломати тоҷик» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин сана бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард.
То имрӯз дар Тоҷикистон 79 рӯзҳои ид муқаррар шудааст, ки 10-то онҳо рӯзҳои ғайрикорӣ мебошанд.



